Лаъли сухангӯи ту
Субҳи баҳори тараб, ойинаи рӯи ту,
Сарви риёзи амал қомати дилҷӯи ту.
Мурғи дили маҳвашон волаи холу хатат,
Гардани ҷони бутон бастаи ҳар мӯи ту.
Гарди раҳи тавсанат ҷавҳари кӯҳли басар,
Ҷаннати мақсуди дил ҳаст сари кӯи ту.
Сабзаи пушти лабат нофаи дашти Хутан,
Сунбули боғи Ирам зулфи суманбӯи ту.
Гарчи шаҳидам намуд абруят аз теғи ноз,
Зиндагиям дод боз лаъли сухангӯи ту.
Аз чамани ҳусни ту ҷӯши сафо кард гул,
То зи арақ шуста шуд орази некӯи ту.
Эй маҳи авҷи камол, бин ки ба ранги ҳилол
Қоматам охир хамид аз ғами абрӯи ту
Дорад умеди карам аз ту аё муҳтарам,
Ҷавҳарии бенаво, яъне дуогӯи ту.