Дар базми сухан
Шаб, ки дар базми сухан табъам чаманафсона буд,
Панҷаи фикрам ба зулфи шӯхи маънӣ шона буд.
Шамъи шавқи дил зи найранги ҷамолаш барфурӯхт,
Ҷузв-ҷузвамро пари товусии парвона буд.
Шӯхии чашми сияҳмасташ чу меомад ба ёд,
Гардиши ранги маро кайфияти паймона буд.
Ҳайрат омад монеи завқи висол ойинаро,
Рафта будам ман зи худ, то дар барам ҷонона буд.
Ёд бод он дилнавозиҳо, ки аз роҳи вафо
Сози иқболи чаманпардози ин вайрона буд.
Ҳар чи ҷуз ишқи ту буд, аз сина охир рафт пок,
Ин ҳарам ваҳдатсаро шуд гарчи касратхона буд.
Баски аз шавқи ту тӯфони ҷунуне доштем,
Санги рам дар дурбоши хеш то бегона буд.
Устухонам суда шуд чун сурма дар ин осиё,
Даври санги нуҳ фалак гӯё бар ин як дона буд.
Дӣ ба тарки ишқ медод он ки пандам, Ҷавҳарӣ,
Дидам имрӯзаш к-аз ин ғам бехуду девона буд.