Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Адабиншоии мо

Субҳ чокест зи ҷайби дили савдоии мо, Шом гарде зи таки бодияпаймоии мо. Хоби ором бурунтоз шуд аз дидаи дил, Пушти по зад чу муҳаббат ба таносоии мо. Бар тани иффати мо сӯхт катони номус, То маҳи ишқи ту зад шуъла ба расвоии мо. Аз хамулӣ шуда овозаи мо оламгир, Нестӣ Қофнишон гашт ба анқоии мо. Юсуфистони ғаму дарди ту шуд козаи тан, Анҷуман кард гул аз гӯшаи танҳоии мо. Холи ҳайратзадагони ту чӣ ҳайрат орост, Хона ойина шуду чашм тамошоии мо. Доғи ту марҳами ороми дили сӯхтагон, Шаби андӯҳи ту рӯзи тараборонии мо. Рӯй бар хоки дарат мегузарад меҳри фалак Ҳасратолуди суҷуде зи ҷабинсоии мо. Нафас аз субҳ баровард ба аҷзи тоқат, Чарх чун хост шаб аз шавқи ту ҳампоии мо. Ҷилва, ойина баҳор омаду лекин чӣ тавон? Дида накшуд як оғӯш ба биноии мо. Ишқ он ҷо ки зи мо вазъи ҷунун хоҳад, бод Бехудӣ барқи фусуни адабиншоии мо. Хома ангушти надомат шуду андеша газид, Гашт то машқи сухан сархати раъноии мо. Назаре сарфи тааммул нашуд аз мо, ки чӣ буд Иллати ғой дар ин нашъа ба пайдоии мо? Ҷавҳарӣ, арзи ҳунар он сӯи таҳқиқ фаност, Мояи ҷаҳл бувад ҳосили доноии мо.