Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ҳар дам ин гурди аниди пуркуш

Афканад аз хашм сад Суҳробро. Бо сафеҳон дар мақоми дӯстист, Мунҳариф доим улул-албобро. Бишнав аз ман як ду панди дилпазир, Ҳалқа кун пас он дури ноёбро. Аз макорим гар ҳуле мебоядат Иқди худ кун ҷавҳари одобро. Ҷавҳарӣ, хоки дари майхона бош, Бар ту бошад то гузар асҳобро.