Нигоҳи сурмагун
Чу ман аз худ сафар кардам ба ёди дидани рӯе,
Кунун ҳастӣ инонгирам куҷо гардад сари мӯе?
Тилисми ҳайратам, баҳри хаёлам, бодаи шавқам,
Ба миръоти вуҷудам ҷилваҳо дорад ғами рӯе.
Раги гул нолаи занҷир дорад гӯй ин гулшан,
Бувад ҷавлонгаҳи девонаи зулфи суманбӯе.
Нафас аз дуди оҳам ҷомаи эҳром мебандад,
Агар ояд ба ёдам азми тавфи каъбаи кӯе.
Рабуд аз як нигоҳи сурмагун нақди дилу ҳушам,
Нигори шӯхчашме, оламошӯбе, шарархӯе.
Бути Юсуфҷамоле, дилбари ойинатимсоле,
Чаманрухсорае, нозукадое, анбаринмӯе.
Намудам чун сабо то сайри гулзори ҷаҳон як сар,
Ба хубӣ чун ту манзурам нашуд як сарви дилҷӯе.
Чу ман бемори дарди ишқи он сарви чаманрангам,
Маро ҷуз шарбати васлаш набояд ҳеҷ доруе.
Куҷо зоҳид пайи таъни муҳаббатпешагон гаштӣ?
Машоми ҷонаш аз ин бӯстон меёфтӣ бӯе.
Агар сайри баҳори олами имкон ҳавас дорӣ,
Ба ранги ғунча дил хун кун ба савдои гули рӯе.
Туву гулгашти тарфи бӯстон, эй Ҷавҳарӣ, доим,
Ману рухсори зарду хоки гулзори сари кӯе.