Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дар ҳаҷри ту то кай мани бемор бигирям,

Дар ҳаҷри ту то кай мани бемор бигирям, Дар ҳар сари роҳу паси девор бигирям. То сели сиришкам бирасад дар гузари ту, Чун абри ҳамал дар сари куҳсор бигирям. Ҳамчун мижа дар пеши касон чанд бигирям, Бар хеш ниҳон гиряму бисёр бигирям. Ночида гуле з-ин чаманистон, ҳама рафтанд, Шабнам шуда, ман бар сари гулзор бигирям. То чанд зи ёди гунаҳ орам арақи шарм, Чун қатра шавам обу ба як бор бигирям. Гар сабқати афви ту набошад ба гуноҳам, Суде надиҳад, гар ҳама дам зор бигирям. Эй қофилаи умр, куҷо тез равонӣ? Оҳиста гузар, то мани афгор бигирям. Ҳоҷӣ ба ҳарам рафту бишуд дидаи ман чор, Бе зодаму роҳила, ба ночор бигирям.