Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ба кӯйи бедилӣ афтода з-он турки дилоромам,

Ба кӯйи бедилӣ афтода з-он турки дилоромам, Ки бурда дил ба яғмову гирифта аз дил оромам. Ба ранги соя ҷуз бар хоки аҷзам нест сомоне, Суроғи мо агар хоҳӣ, аз ин ҷо гир пайғомам. Илоҷе нест кулфатмансабонро ғайри хомӯшӣ, Чу захмам хуни дил шуд, сурмаи овози эъломам. Ғуборам баски дорад завқи гулзори тамошоят, Ба тамҳиди ҳазорон дида во кардан чу бодомам. Магар андар сари роҳи фано арзе ба лаб ояд, Бувад ҳаммашраби тарзи шарар изҳори ибромам. Парафшони ҳавои гулшане будам зи озодӣ, Тилисми обу гил хамёза кард, афканд дар домам. Намесозад ба созу сӯзи ошиқ шуҳратандешӣ, Чу шамъ ороиши дил равшан андар пардаи шомам. Агар, эй беадаб, озори моро саҳл пиндорӣ, Бибояд хиҷлате аз ҳиммати номуси исломам. Ҳазорон дона шуд сарсабз, гулшан хуррамӣ овард, Чи шуд, Ҳоҷӣ, ҳамон кулфаткаши оғозу анҷомам.