Эй ситамгар, ба ту аҳде ҳама дам мебандам,
Эй ситамгар, ба ту аҳде ҳама дам мебандам,
То вафое бикунӣ, аз пайи ҳам мебандам.
Баски сомони вафо аз ту касе ёд накард,
Аҳду паймон ба ту аз ҷавру алам мебандам.
Дили хунгаштаи моро зи сари зулф фишонд,
Гарчи чун шона ба сад решаи хам мебандам.
Донаи холи туро бо дилу ҷон биншондам:
Ваҳ, чи савдост, ки ғам бар сари ғам мебандам.
З-он даме турраи таррори туро гашт асир,
Дили бечора ба ағлоли ситам мебандам.
Ҷуз ту ширинсуханиву лақаби ширинӣ,
Кай чу Фарҳод ба Ширини Аҷам мебандам.
Ҳоҷӣ, айёми ҷавонӣ ба дараш тез гузашт,
Ҳалқае ба дараш аз қомати хам мебандам.