Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ҳар даме ҷилва кунӣ, дида ба ҳам мебандам,

Ҳар даме ҷилва кунӣ, дида ба ҳам мебандам, Мардумонанд дар он ҷо, чи кунам, мебандам. Зи ғубори раҳи кӣ тинати ман оғуштанд? Ҷабҳа ҳар ҷо ки ниҳам, нақши қадам мебандам. Чи асар дар намаки суфраи афлок чакид? Ки асал нӯшам, аз ӯ талхии сам мебандам. Ба чи умед тавон рахти бақо афкандан, Ки зи дам дар ҳама дам бори адам мебандам. Чунки аз сафҳаи айём вафо ҳак карданд, Ба ғалат меҳр ба ин аҳли ситам мебандам. Мушкил аз ҳалқаи занҷир бурун шеван кард, Ба фиғонам паси марг, арчи лабам мебандам. Нозанинон ҳама бо мавҷи гуҳар мемонанд, Беқароранд, агарчи ба шикам мебандам. Ҳоҷӣ, натвон чу ҳилол аз сари таслим гузашт, Қомате рост кунам, пайкари хам мебандам.