То дида ба қадду рухи зебо-ш бубастам.
То дида ба қадду рухи зебо-ш бубастам.
Аз дидани сарву гули раъно-ш бубастам.
Нури назарам рафт зи шавқи назари ӯ,
Шуғлест, ки аз манзари дунё-ш бубастам.
То дил натапад дар шабаки зулфи сиёҳаш,
Чун тоири ваҳшӣ ҳама аъзо-ш бубастам.
Андуҳи қиёмат ҳамагӣ рафт зи ёдам,
Хотир чу бар он фитнаи боло-ш бубастам.
Чун сели дамодам шуда тӯфони сиришкам,
Бунёди ҷасад бурд, ба сад ҷо-ш бубастам.
Бӯсидани таҳти кафи ӯ дошт ба роҳам,
Бигзашту тамаъ бар асари по-ш бубастам.
Ҳоҷӣ, натавон аз ғами ӯ ёфт халосӣ,
Мурғест диломӯз, ба дил ҷо-ш бубастам.