Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Аз он рӯзе ба тавфи Каъбаат эҳром бастастам,

Аз он рӯзе ба тавфи Каъбаат эҳром бастастам, Ба лаббайки қабуле раҳнаварди кӯҳу пастастам. Чунин мазмун ба лавҳи машҳадам хатти ғуборе кун: Шаҳиди бегуноҳ астам, қатили бекасастастам. Чу дил ҳар ҷо набастастам, ҳавас, медор маъзурам, Ки дил аз каф баяғмобурдаӣ он турки мастастам. Хаёли аҳд бастанҳошу ҳар соат шикастанҳо, Шикастастам, шикастастам, шикастастам, шикастастам. Агар ибрат бувад ҳар зарраи хоке дар ин водӣ, Ҳамон ойинаи Искандару ҷоми Ҷамастастам. Хиҷолатмашрабам з-ин туҳмати ҳастӣ, намедонам, Чи шахсастам, чи кардастам, чи рафтастам, чи ҳастастам. Чаро иғвои ғӯлони замон аз раҳ барорандам? Ки роҳи ростӣ дар хотир аз аҳди аластастам. Чу санги эътиборам нест дар мизони худбинӣ, Басастам, гарчи пастастам, қадимӣ ҳақпарастастам. Ғуборам лоиқи таҳқир набвад, Ҳоҷӣ, медонӣ, Тавофи Каъба гаштастам, зи дори Тайба ҳастастам.