Дилро ба ҳами зулфи сумансо-ш бубастам,
Дилро ба ҳами зулфи сумансо-ш бубастам,
Савдозадаро боз ба савдо-ш бубастам.
Чун қатра дилам кард ба гесу-ш гаронӣ,
Бар хок бияфтод, зи сад ҷо-ш бубастам.
Шуд рӯзу шабам дар сари андуҳу маломат,
Маҷнуни киям, дил ба чи Лайло-ш бубастам.
Дастам бишуд аз даст, наям доғ, валекин,
Доғам чу камар бар камараш кош бубастам…
Додам дилу дилдор чаро дод, надонам,
Сад дод, ки дил бар чи таманно-ш бубастам.
Қоим ба сарам шӯри қиёмат зи қиёмат,
Пайдост дамодам, дами ғавғо-ш бубастам.
Шуд об чу симоб нигоҳам зи табу тоб,
То ки нигаҳи гарм ба симо-ш бубастам.
Ҳоҷӣ, ба чи сон Каъбаи мақсуд тавофам,
Саъй обила гашту ба кафи по-ш бубастам.