Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Зи райҳони хаташ бар дафтари ҷон то рақам кардам,

Зи райҳони хаташ бар дафтари ҷон то рақам кардам, Хароберо ба дард овардаму беҷо ситам кардам. Ниҳоли орзуе барнаёмад аз канори ман, Зи оби дида хоки ин биёбон гарчи нам кардам. Чу аз бори алоиқ нақди ҷамъият зи каф додам, Муҷаррад чун алиф рӯ бар дари аҳли карам кардам. Чу шамъам мегудозад ҳасрати вақти тамошояш, Зи шавқи тезбинӣ фурсати назора кам кардам. Макаш, эй бехирад, ташвиши рашки эътибори ман, Чу зар бигдохтам чандон, ки худро муҳтарам кардам. Чу барқ аз ваҳшати беэътибориҳои ин водӣ Нигоҳи оташине бар сари роҳи адам кардам. Ба дил то парваридам донаи нахли муҳаббатро, Хазонеро баҳор овардаму боғи Ирам кардам. Зи бахти норасо, Ҳоҷӣ, ҳамон маҳҷури дидорам, Агарчи саҷдаҳо бар хоки Минову Ҳарам кардам.