Зи худ овора, аз қайди тааллуқ бениёз астам,
Зи худ овора, аз қайди тааллуқ бениёз астам,
Чу Маҷнун баски савдомашраби Лайлои ноз астам.
Зи тамҳиди нафас чандин найистон зеру бам дорам,
Чунин шӯре, ки ман дорам, намедонам чи соз астам.
Зи шавқи рухсати назораи хуршеди симояш
Саропо як қалам ойинаи ҳайрони боз астам.
Ғурури иззу ҷоҳам шеваи бечорагӣ дорад
Чу Маҳмуд аз сари таслим дар пойи Аёз астам.
Хаёли тоқи абрӯи кӣ доим дар назар дорам,
Ки чун шакли ҳилоле ҷилваосори намоз астам.
Зи вазъи шамъ медонам мадори зиндагониро,
Ки равшансуратам чанде, ки дар сӯзу гудоз астам.
Ту, зоҳид, сахт тақво кун, ки аз девони икромаш
Кароматномае дорам, ҳамеша сарфароз астам.
Ба суратхонаи имкон, намедонам, чи тасвирам,
Ки чун нақши ҳавои пайкари беимтиёз астам…
Куҷо, Ҳоҷӣ, зиё аз ҷилваи мижгони ман гирад,
Чу мижгони сафед аз Юсуфи Мисри Ҳиҷоз астам.