Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Медиҳад аз тарзи рӯяш оташи рухсори гул,

Медиҳад аз тарзи рӯяш оташи рухсори гул, Дида бояд об шуд аз гармии дидори гул. Дар ҷаҳони рангу бӯ асбоби ҷамъият куҷост, Ҷуз парешонӣ надорад шӯхии изҳори гул. Ҳар куҷо з-он сунбули мушкин ҳикоят рафтааст, Медамад мӯйи сияҳ рагҳои зарринтори гул. Нозанинон баски дар хоки мазаллат хуфтаанд, Реша бар хок аст, ҳар ҷо сар занад осори гул. Сӯзи оҳи ошиқон аз дарди доғи хеш нест, Нолаи булбул бувад аз рафтани ночори гул. Тӯдаи хокам тамошогоҳи он гулгунқабост, Мекунад бе тухмкорӣ гулшани атвори гул. Ҳар чи меояд дар ин гулшан, дили хунгаштааст, Бе қумоши ғунча набвад пардаи зангори гул. Ё Раб, ин гулшан зи шавқи дидани дидори кӣ Ҳамчу чашми интизорон кардааст изҳори гул. Кулбаи моро ҷамоли он бараҳманзода кард Ҳамчу айвони савобит олами анвори гул. Баски, Ҳоҷӣ, дар фироқи гулъизоре мурдаам, Мешавад во аз мазорам ғунчаи тӯмори гул.