Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй чашми ту дебочаи унвони тағофул,

Эй чашми ту дебочаи унвони тағофул, Абрӯи ту бисмиллаҳи девони тағофул. Умрест, ки овораи саҳрои ҷунунем, Чун зулфи ту шуд силсилаҷунбони тағофул. Ё Раб, чи фусун мардуми чашми ту дамида, Чун муъҷиза шуд боиси имони тағофул. Аҳде нанамудӣ, ки дар он дам нашикастӣ, Ҷуз аҳди ҷафокешиву паймони тағофул. Умеди нигоҳи ту дар ин базм кӣ дорад, Бошад ҳамаро дида ҳаросони тағофул. Бояд, ки қазо хуни шаҳидони ту созад, Бешубҳа, ҳама лозими товони тағофул. Дилҳо ҳама дар оташи шавқи ту кабобанд, Ҷонҳо шуда ошуфтаву ҳайрони тағофул. Ҳарчанд ҷафои ту ҳаёти дилу ҷон аст, З-ин беш макун пешаи худ шони тағофул. Ҳоҷӣ, нарасидем ба домони висоле, Дасти ману дигар ба гиребони тағофул.