Шабе дар ҳаҷри ту будем бо дил,
Шабе дар ҳаҷри ту будем бо дил,
Фиғон медоштам, оҳу наво дил.
Фидоят то шавам, ҷон пештар шуд,
Диҳам дил то ба дастат, шуд туро дил.
Ба дарде метапам, аммо хамӯшам,
Нафас берун наёвард аз ҳаё дил.
Надорам мӯнисе, то роз гӯям,
Ниҳонӣ ҳам бирафт аз пеши мо дил.
Зи дарди беқарори мо мапурсед,
Қиёмат мекунад ҳар дам ба мо дил.
Зи мо якбора дорад дургардӣ,
Аз он вақте туро шуд ошно дил.
Нашуд танҳо нафас дар синаам хун,
Зи ҳар мӯям раги хунест то дил.
Хаёли ёрмандӣ аз дилам буд,
Бишуд ёри туву аз мо ҷудо дил.
Биё, Ҳоҷӣ, ба ҳам дамсоз гардем,
Ки кори дил ҳаме афтода бо дил.