Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй баҳорон, аз сари нав тоза кун унвони гул,

Эй баҳорон, аз сари нав тоза кун унвони гул, То ниҳам як дам сар андар бастари алвони гул. Гар нагаштӣ лола хун дар домани саҳрои боғ, Андалебонро куҷо будӣ хабар аз шони гул. Худ мурувват посдори ҷавҳари некон бувад В-арна кас асло нахоҳад дар талаф товони гул. Ин қадар шуҳратбаландиҳо кай овардӣ ба бор, Гар баҳоронро набудӣ чеҳраи хандони гул. Баски дорад ин чаман аз лоларӯён зери гул, Медарад чоки гиребон ғунчаи товони гул. Мардуми саҳронишин аз одамият фориғанд, Луқмаи ноне нахӯрда ҳеч кас аз хони гул. Созгори даври олам нест фикри дилхушӣ, Фаҳм бояд ин сабақ аз сафҳаи ҳайрони гул. Ҳоҷӣ, сози навбаҳорон сар ба сар ибратнавост, Нолаи булбул бувад аз ранги бесомони гул.