Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Кош касеро ба ту бошад сабил,

Кош касеро ба ту бошад сабил, То шавадам бар сари кӯят далил. Бӯсае аз лаъли ту дорам тамаъ, Толиби амре шудаам мустаҷил. Ташнаи лаъли лаби ширини ту Лаб накунад тар зи ями Салсабил. Шаъшааи меҳри туро кай шавад Қурси маҳу қартаи ховар адил. Шуҳрати овозаи ҳуснат гирифт Чину Фарангу Хутану Помфил. Чашм надорам, ки кунад теғи ту Ҳеч касеро зи рақибон қатил. Партави меҳри ту набинад завол, Субҳи бақои ту шавад мустатил. Ҳоҷӣ, туро дил ба чӣ ояд ба кор, Гар нашавад дар ғами ишқаш залил.