Ба ҳар ҷо гар фитад з-он нақши по гул,
Ба ҳар ҷо гар фитад з-он нақши по гул,
Ватан гирад ба хокаш чашми булбул.
Ғубори доманат аз софкорӣ
Чу шабнам тоза дорад хотири гул.
Намонад дар дилам, оҳ, эй ситамкеш,
Ҳанӯзам медиҳӣ заҳри тағофул.
Ҳамеша хотират парҳез дорад
Зи оҳу нолаи ман бе тааллул.
Маро дар даври ҳуснат кор гашта
Чу кокул уқдаву давру тасалсул.
Туву дар бистари нозофаринӣ,
Ману дар хоки хорӣ бо таҳаммул.
Хат аз сабзиву зулфат аз сиёҳӣ
Шикаста гардани райҳону сунбул.
Ба пеши чашми хуморат бирезад
Чу хуни бетамизон шишаи мул.
Ғуломи сарви озодат набошам,
Ки чун қумрӣ ба дӯшам кардаӣ ғул.
Хиҷолатмашрабам, Ҳоҷӣ, зи ҳастӣ,
Чи умедам ба сомони таваккул.