Медиҳад ёди хиромаш шӯхии рафтори кабк,
Медиҳад ёди хиромаш шӯхии рафтори кабк,
Мастии чашми хумораш дидаи бемори кабк.
Бесуботиҳо кӣ дар қонуни имкон дидааст?
Меравад бар сози қаҳқаҳ пардаи асрори кабк.
Бар хамӯшӣ зан, ки ҳарф ин ҷо дучори офат аст,
Мекушояд чанги шоҳин хандаи бисёри кабк.
Бурд бозам аз худу якбораам девона кард
Чаҳ-чаҳи гулзори булбул, қаҳқаҳи куҳсори кабк.
Гарчи аз паҳлуи нарми хеш бо абнои даҳр
Мехуронад, нест розӣ шахс аз атвори кабк.
Нотавононро намудан моли худ доми балост,
Синаи исфед бошад боиси озори кабк.
Ҳоҷӣ, мо аз нармхӯӣ ранҷи меҳнат мекашем,
Домҳо хамёза дорад дар пайи рафтори кабк.