Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй дил, фиреби олами нақшу нигори ранг

Эй дил, фиреби олами нақшу нигори ранг То кай хурӣ, ки нест ду рӯзе мадори ранг. Манзури табъи тираат гар софмашрабист, Сарфи назар чу об намо аз ғубори ранг. Моро куҷо, ки мевае з-ин боғ бар хӯрем, Ҳамчун гулем, муҳлати мо то шумори ранг. Саъйи камолу муддати умри тавол чанд, Пур мухтасар навиштаанд фасли баҳори ранг. Беруни ин чаман басе озод будаем, Зиндон шудем дар дили сангинҳисори ранг. Рӯзе ба худ расидаем, аз хеш рафтаем, Хиҷлаткашему ҷилваи мо шармсори ранг. Моро на бӯйи ғунчаву на гул фиреб дод, Ғайр аз ҳавои гулшани он ҷилвазори ранг. Эй бехабар зи ҳастии мо, саргарон машав, Бӯйи гулему меравем аз навбаҳори ранг. З-ин боғи пурнадомати пажмурдаэътибор Гул кардааст ғунчаи дил ихтисори ранг. Ҳоҷӣ, сабоҳ мавсими гулҳо ғанимат аст, Ибрат гузин зи сурати беэътибори ранг.