Эй чу мӯе туро миён нозук,
Эй чу мӯе туро миён нозук,
Мӯй ҳам нест ончунон нозук.
Набувад ҳамчу қадду чеҳраи ту,
Қомати сарву арғувон нозук.
Накҳати кокули сумансоят
Бошад аз мушки зумарон нозук.
Нозукӣ ҳар чи дар баён дорӣ,
Лутфи маъният аз баён нозук.
Дилбарон гар латофате доранд,
Ҳастӣ аз ҷамъи дилбарон нозук.
Нармии пайкари гуландомат
З-атласи Руму парниён нозук.
Ғунча оҳиста лаб чу бикшояд,
Гӯяд аз ту ба гулситон нозук.
Ҳоҷӣ, табъам ба дастгоҳи сухан
Гашта аз фикри он лабон нозук.