Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Дил метапад бо ёди ӯ, то ҷон бувад андар рамақ,

Дил метапад бо ёди ӯ, то ҷон бувад андар рамақ, Аз баъди мурдан низ ҳам такрор дорад ин сабақ. Кас дар дукони синаам натвон суроғи дил кунад, Умрест ин девонаваш тарки ватан кард аз фалақ. Мехостам дар кӯйи ту аз гиря сад тӯфон кунам, Мижгон зи шарми мардумон аз ман рабуда ин сабақ. Девонаи мо чун саҳар дар интизори ҷилвае Домони ҳастӣ чок зад, ҷайби таманно карда шақ. Зулфи сиёҳи анбарин дар иқдҳо амволи Чин, Рухсори фирдавсофарин гулҳои ризвон дар табақ. Аз нармии рафтори ту занҷир дар по кардааст, Аз гармии рухсори ту ойина мерезад арақ. Девони ҳастӣ сар ба сар як мисраи барҷаста аст, З-ин матлае иншо кунӣ, нодида мегардад варақ. Ҳоҷӣ, сабоҳи ҷилвааш чашмам ба хун олудааст, Хуршед абри тираро аз нур месозад шафақ.