Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Баски дорам дар назар он моҳи хушманзар тараф,

Баски дорам дар назар он моҳи хушманзар тараф, Мешавад мижгон зи рашкам пеши ҳамдигар тараф. Толеи шӯридаро ҷуз дилсиёҳӣ чора нест, Сояро дар об ҳам бошад кудурат дар тараф. Суҳбати дунфитратон равшандилонро хиҷлат аст, Шуъла дудомез шуд, гардад ба чӯби тар тараф. Золимонро зиндагӣ охир ба расвоӣ кашид, Оташи саркаш бувад бо хоку хокистар тараф. Зиндагӣ то ҳаст, офат беҳисоб омода аст, Шамъро дар равшанӣ гоз аст бо сарсар тараф. Мардумонро хона аз мижгони ман дар об рафт, Тарсам, ин барқи сияҳ тӯфон кунад бо ҳар тараф. Ҳоҷӣ, захми тири ӯ бар рӯйи дил носур монд, Бозаш он бераҳм месозад сари ханҷар тараф.