Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ҳар ҷо сафоандешаест, дорад кудурат дар тараф,

Ҳар ҷо сафоандешаест, дорад кудурат дар тараф, Хуршеди тобонро кӣ дид бе заррае абтар тараф? Фикри кулоҳу тоҷи зар осон набошад, алҳазар, Шамъ аз хаёли ин асар гардид бо озар тараф. Аз ҳарфи сарди носеҳон ишқам фузун шуд, бегумон, Болад шарар бе имтиҳон, гардад чу бо сарсар тараф. Аз гармии рухсори ӯ ойина мерезад фурӯ, Хуршедро вақти ғулув шабнам намонад дар тараф. Худ зиндагӣ бе райбу зан бошад нишони ҳар миҳан, Қавси фалак пайконфикан, чашми бади ахтар тараф. Ҳангоми қадороият вақти назарфармоият, Аз мардуми савдоият гардад дилу ҷон бартараф. Кардам маломат ихтиёр, гаштам шаҳи сангинҳисор, Боиззатам чун кӯҳсор, санг оядам аз ҳар тараф. Ҳоҷӣ, киям? Девонае, аз хештан бегонае, Дар ҳар лабе афсонае, зону ба дарди сар тараф.