Ҳар куҷо гар бигзарад мавҷе аз он гирдоби теғ,
Ҳар куҷо гар бигзарад мавҷе аз он гирдоби теғ,
Метапад дилҳо чу моҳӣ дар хами қуллоби теғ.
Аз тавозуъ дастгоҳи ҳукмрониҳо расост,
Метавон ин нуктаро фаҳмид аз одоби теғ.
Заҳмати умедворӣ аз ситамкорон макаш,
Ҳеч касро об дар ҷӯ нест аз селоби теғ.
Ҳар касеро тоқи абрӯи ту бошад дар назар,
Оқибат гардан шавад назри хами меҳроби теғ.
Суҳбати арбоби дунё холӣ аз озор нест,
Захмро омода бошад гардани ҳамхоби теғ.
Сози таслими дуруштон фитна пайдо мекунад,
Пайкари фӯлод хам гардид, шуд асбоби теғ.
Ҳеч кас туҳматкаши осори бераҳмӣ мабод,
Хун диҳад бар ташнагони Карбало асҳоби теғ.
Чашми беморат ба хуни бегуноҳон хуфтааст,
Абруи хамгаштаатро фитнаҳо дар хоби теғ.
Пардаҳои нолаи мо, бедилон, мавқуф кард,
Нохуни тезе, ки бераҳмона зад мизроби теғ.
Бе сиёсат нест, Ҳоҷӣ, кори оламро низом,
Фитнаро бошад қарор аз ваҳшати арбоби теғ.