Зад оташи ишқат ба дилу кард нишон доғ,
Зад оташи ишқат ба дилу кард нишон доғ,
Барқ аз дили ман ҷаст, ки шуд лоласитон доғ.
Дил қобили пӯшидани асрор нагардид,
Натвон, ки шавад дар варақи лола ниҳон доғ.
Инкори муҳаббат натавон кард, ки бошад
Нақши сияҳи обила бар сӯхтагон доғ.
Танҳо на ҳамин кулфати худ дод гудозам,
Чун шамъи мазорам ба азои дигарон доғ.
Оҳи ҷигари хастадилон сахт балоест,
Пайдост, ба ҳар ҷо гузарад барқи дамон, доғ.
Мардум агар аз табъи данӣ гила намоянд,
Моем, ки ҳастем зи фикри ҳама, дон, доғ.
Аз гармии рухсори ту ҳарфе натавонам,
Чун шуълаи оташ кунад ӯ кому забон доғ.
Бар меҳри касон, Ҳоҷӣ, макаш ранҷ, ки хуршед
З-ин пеша шуда бар сари ин куҳна ҷаҳон доғ.