Дар ниқоб он чеҳра то сархайли хубон кард манъ,
Дар ниқоб он чеҳра то сархайли хубон кард манъ,
Офтоби рӯзгори мустамандон кард манъ.
Бедилонро аз сари кӯйи ту бурдан мушкил аст,
Зулм бошад дардмандеро зи дармон кард манъ.
Ёди шанбе айши моро ҷоми заҳролуд дод,
Шуғли абҷадхонии мо дар дабистон кард манъ.
Субҳгоҳӣ ошиқонро рухсати назора кард,
Завқи моро аз ҷамолаш чашми ҳайрон кард манъ.
Чун ғубори мо ба гарди маҳмили ӯ ворасид,
Барқро наъли саманди ӯ зи ҷавлон кард манъ.
Шуҳрати шаҳди лабаш сарчашмаи оби бақо
Дар чаҳи ҳирмон сарои торикистон кард манъ.
Ҳоҷӣ, чунки дидани худ мардумонро буд айб,
Мардумонро аз лиқо он моҳи тобон кард манъ.