Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ишқбозон аз сари кӯят чи сон гарданд манъ?

Ишқбозон аз сари кӯят чи сон гарданд манъ? Нораво бошад, ки қолабҳо зи ҷон гарданд манъ. Аз адаб набвад зи хурдон бо бузургон ҳамсарӣ, Дар зуҳури меҳр з-он сайёрагон гарданд манъ. Шеваи аҳли карам чун бо риё олуда шуд, Аз сари хони каромат муфлисон гарданд манъ. То фалакро дастгоҳи сози бераҳмӣ баҷост, Аз тааддӣ ҳеч набвад золимон гарданд манъ. Соҳати саҳрои имкон баски танг афтодааст, Аз таваққуф андар ин раҳ корвон гарданд манъ. Тӯтиёни гулшани фирдавс з-одаммашрабӣ Аз ватан оварда дар ин хокдон гарданд манъ. Ҳоҷӣ, бошад аз ғами рӯзи қиёмат зӯртар, Он даме к-аз ҳам ду ёри меҳрубон гарданд манъ.