Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Хештанро чанд машҳури ҷаҳон кардан чу шамъ,

Хештанро чанд машҳури ҷаҳон кардан чу шамъ, Худнамоӣ нест ғайри шуъла парвардан чу шамъ. Аз барои камтарин фурсат ба доғи инфиол Ҷилва созӣ хешро дар пеши марду зан чу шамъ. Нақди осоиш зи каф бе ихтиёрам бурдаанд, Хидмати ҷамъе маро шуд фарз дар гардан чу шамъ. Нест осон хотири мардум зи худ хушнуд кард, Суҳбатороӣ бувад аз хеш бигзаштан чу шамъ. Интихоби чарбу нармӣ оламеро доғ кард, Таънаи оташ бувад андоми пурравған чу шамъ. Ашк ҳам дар гулшани мо шабнамосорӣ накард, Сели бунёди саломат шуд гулоби ман чу шамъ. Ҷабҳаи бикшодаро зонуи роҳат муттакост, Шоҳиди гулро нагирад ҳеч кас душман чу шамъ. Шуҳраи офоқ гардидан дучори офат аст, Бе гудози дил набошад чеҳраи равшан чу шамъ. Ҳоҷӣ, набвад базми имкон ҳеч ҷойи эътимод, Зиндагонӣ қатъ месозад раҳи мурдан чу шамъ.