Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Аблаҳонро ғайри тан парвардан аз дунё чӣ ҳаз,

Аблаҳонро ғайри тан парвардан аз дунё чӣ ҳаз, Ғайри шаҳват бо ҳар он аз пешаи тақво чӣ ҳаз. Ҳеҷ гаҳ аз гӯши конун барнаёмад нолае, Мардуми нофаҳмро аз суҳбати доно чӣ ҳаз. Гар набошад сӯзи дил, зоҳир надорад эътибор, Шамъро ҷуз тангудозӣ з-оташи боло чӣ ҳаз. Моли дунё бо сабукборон намегардад қарор, Бо ҳубоби пучмағз аз резиши дарё чӣ ҳаз. Ашки хунин гар надорӣ, дида ҳам даркор нест, Бе шароби арғувонӣ аз хуми мино чӣ ҳаз. Ҳайфи он умре, ки дорад мавлавӣ сарфи назар, З-ин фунуни сафсата, ё Раб, ба ин мулло чӣ ҳаз. Чанд баҳри обрӯ бар ину он рӯ оварӣ, Эътиборе нест ин ҷо, эй адампаймо, чӣ ҳаз. Корвони умр, Ҳоҷӣ, меравад бо сад шитоб, Раҳнавардонро зи тарҳи манзилу маъво чӣ ҳаз.