Аз орази туст бозиё хат,
Аз орази туст бозиё хат,
Дар чеҳраи туст хушнамо хат.
Бо рӯйи ту беибо давида,
З-он беадабист рӯсиё хат.
То даъвии мо ба қатъ созад,
Бинмуда рухат аз он ба мо хат.
Бо хубии ту муқобиле нест,
Дорӣ ба кадом муддао хат?
Дуди дили мо гирифта рӯят,
З-он карда баланд решаҳо хат.
Дар нусхаи ҳусни ту ғалат нест,
Ё Раб, чӣ кашида давра бо хат.
Умеди халосам аз хатат буд,
Шуд рӯйи туву адуи мо хат,
Ағёри туро хати ғубор аст,
Бар дидаи мост тӯтиё хат.
Шуд синаи ман ҳазорреша,
То шуд ба рухи ту ошно хат.
Ҳоҷӣ, бувад он даме, ки бинам
Гардида зи рӯйи ӯ ҷудо хат.