Гар кунам аз ҳоли дил бар номае унвони арз,
Гар кунам аз ҳоли дил бар номае унвони арз,
Хун чакад аз хомаам, рангин кунад домони арз.
Ҷои гул дар саҳни гулшан сунбулистон бишкуфад,
Гар сабо орад аз он зулфи сияҳ паймони арз.
Ҳеч кас миннаткаши ин чархи дунпарвар мабод,
Оламе ранги хиҷолат дорад аз ҳирмони арз.
Дидаи шабзиндадорон рӯз хоболудааст,
Чеҳраи кавкаб намонад дар саҳар тобони арз.
Кулфати ҳастӣ саропоям дар ин маҳфил гудохт,
Ҳамчу шамъ аз по фитодам, то шудам меҳмони арз.
Домани нозе ғубори хуфтаам дар шӯр кард,
Ихтиёрӣ нест моро омадан бар хони арз.
Ҳоҷӣ, тарзи ин гулистон зуд барҳам мехурад,
Мерасад шахси хазон бар анҷуман товони арз.