Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Мекунад гирди рухаш он турраи таррор рақс,

Мекунад гирди рухаш он турраи таррор рақс, Мӯй чун дар оташ афтад, мекунад ночор рақс. Ҳар куҷо аз ноз агар он моҳ созад ҷилвае, Мекунад аз завқи шодӣ сурати девор рақс. Баҳри саъйи дилхушӣ асбоби ҷамъият махоҳ, Бе дафу най мекунад чуғдак ба кунҷи ғор рақс. Бо гирифторони золим ҷуз тамаллуқ чора нест, Мекунад дар чанги шоҳин кабки хушрафтор рақс. Фитнабозонро набошад аз адаб сози сулук: Нест аз тасбеҳхонӣ дар забони мор рақс. Ҳеч натвон аз сари дунё ба осонӣ гузашт, Умрҳо дорад дар ин ҷо гунбади даввор рақс. Ихтиёрӣ нест моро ин ҳама саъю талош: Медиҳад хошокро гирдоб бе зинҳор рақс. Ҳоҷӣ, моро беқарор он партави рухсор кард, Мезанад парвона гирди шамъи оташбор рақс.