Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ин зеру бам, ки бар раги қонун навиштанаш,

Ин зеру бам, ки бар раги қонун навиштанаш, Як шуъбаест, аз дили маҳзун навиштанаш. Аз ҳарфи ишқ сафҳаи хотир ба танг шуд, Бо оби дида як қалам берун навиштанаш. Дар арзгоҳи номаам, қосид, ба ҳуш бош, К-ӯро ҷавоби талхтар аз афюн навиштанаш. Аз ташнагӣ ба хотири ушшоқ ранҷ нест, Сели сиришк чун шати Ҷайҳун навиштанаш. Дар рӯзгори дидаи мардумфиреби ту Бахти маро чу толеи Маҷнун навиштанаш. Дидори ту талофии умри гузашта аст, Аз оби Хизр бар лабат мазмун навиштанаш. Номи бад аз саҳифаи даврон намеравад, Ба ҳар лабе ҳикояти Қорун навиштанаш. Бар таъну айби некувон зинҳор дам мазан, Иблисро аз ин гунаҳ малъун навиштанаш. Ҳоҷӣ ба хоксории худ ноз мекунад, Мушти гилест к-ин ҳама мавзун навиштанаш.