Дили вобастае дорам, ки натвон кард озодаш,
Дили вобастае дорам, ки натвон кард озодаш,
Магар аз дасту по гирад каманди хеш сайёдаш.
Чӣ савдо дошт Маҷнун дар димоғ аз фурқати Лайло,
Ки хокаш сурма гашту то кунун болост фарёдаш?
Намедорад иморат ғайри вайронӣ ғубори ман,
Зи оби Хизр агар бошад гили таъмирбунёдаш.
Биё, эй дил, ба ҳасрат соате то ҳамнаво гардем,
Ки нақди эътибори хешро кардем барбодаш.
Чиҳил манзил ба ғафлат корвони умри мо тай шуд,
Ки метозад кунун то манзили ҳафтод-ҳаштодаш.
Кунӣ то зинда номи хешро, шоиста коре кун:
Баландовоза аст аз ҷӯйи Ширин номи Фарҳодаш.
Намояд ояти таслим пеши гулъизори ман,
Муқобил гар шавад Юсуф ба он ҳусни худододаш.
Ба доғ аз зиндагонӣ ҳамчу шамъ охир зи худ рафтам,
Таайюн шевае дорад, ки маъдумист эҷодаш.
Чи мумкин ноумед аз улфати он дилрабо будан,
Ки ҷайби субҳро хуршеди олам ҳаст ҳамзодаш.
Куҷо Ҳоҷӣ ба домони талаб дасти расо дорад,
Ки ҳарфи номуродиро сабақ дода-ст устодаш.