Навид, эй дил, ки фирдавси висолаш
Навид, эй дил, ки фирдавси висолаш
Паёми васл меорад шамолаш.
Шавад гул об, чун шабнам барояд,
Бирезад то ба гулзори ҷамолаш.
Саҳар хуршед аз он дар тоб ояд,
Зи доғи кавкаби фархундафолаш.
На ман бо хӯи худ ҳастам гирифтор,
Ишора мекунад бар ман ҳилолаш.
Чунон саргарми ҷанг аст он ҷафоҷӯ,
Гиребон медарад бар ман хаёлаш.
Зи ғайрат дидани он ҳам надорам,
Ки дар ойина бинмояд мисолаш.
Хасу хошок зарринтоб гарданд,
Зи нури чеҳраи хуримтисолаш.
Таманноят ба ҳар хотир бирезад,
Дамад гул аз гиребони хаёлаш.
Дигар Ҳоҷӣ таманное надорад,
Ба ғайр аз он ки дорад зулҷалолаш.