Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Бувад то сози олам, фитнаовоз аст таъсираш,

Бувад то сози олам, фитнаовоз аст таъсираш, Садои сури маҳшар метаровад аз баму зераш. Матои симу зар сармояи дунё намебошад, Ҳамон соат ба ғафлат меравад, дунёст таъбираш. Зи ҳарфи тифли абҷадхон фалотунсиратон лоланд, Ба фаҳми нуқтае аз сархати девони тақдираш. Хаёли бандагӣ асбоби иззат барнамедорад, Ба ғайр аз оҷизӣ ҳар чи бувад, медор таъхираш. Аз ин душвортар набвад, ки бо ҳарфи хирадманде Шавад аблаҳнавое нуктафармову ғалатгираш. Аҷаб набвад зи авҷи ҷоҳ нодон бар замин афтад, Бут аз кӯҳи Сафо рафтан кунад эҷоди тақсираш. Ба номардон набошад хиҷлат аз айбу табаҳкорӣ, Зани ғар бештар ғавғо кунад ҳангоми тақсираш. Чу най, Ҳоҷӣ, ба сози нола чандоне ки печидам, Гиреҳ дар кор пайдо омаду кам гашт таъсираш.