Шаҳиди бегуноҳам кард, нозам бар сари теғаш,
Шаҳиди бегуноҳам кард, нозам бар сари теғаш,
Зи ҳиҷронам халосӣ дод, раҳмат бар сари теғаш.
Бувад ҷон бурданаш оби ҳаёти Хизр бахшидан,
Зи килки сунъ мазмуне ба нақши мистари теғаш.
Барои риштаи тӯмори умри мо, вафодорон,
Аҷалро нест миқрозе ба ғайр аз ханҷари теғаш.
Ба роҳи ҷилвааш хобидаӣ, ҳушёр шав, эй дил,
Машав ғофил, ки ногаҳ мерасад фармонбари теғаш.
Сияҳрӯзе, ки дорад дар назар чашми сиёҳашро,
Чу мардум сар ниҳад бояд ба зери пайкари теғаш.
Шаҳиди мубталое ишқи ӯро чун намебошад,
Ки бо ранге наёмезад сафои ҷавҳари теғаш.
Ба сулҳу оштӣ, Ҳоҷӣ, зи бими ӯ халосӣ нест,
Ки хунрезӣ ҳалол омад ба ҳукми маҳзари теғаш.