Парирӯе, ки дил бастам ба гесӯи гираҳгираш,
Парирӯе, ки дил бастам ба гесӯи гираҳгираш,
Гудозад ҷавҳари ойина аз тимсоли тасвираш.
Тавон ҷон бурдан аз он шахкамони шӯхи шангуле,
Ки баста риштаи рагҳои ҷон андар пари тираш.
Санавбар ҳамчу бед аз қоматаш таслим месозад,
Ба гардан обро бошад зи акси зулфи занҷираш.
Агарчи сурма дар вазъи сиёҳӣ шуҳрате дорад,
Ба мижгони қатори ӯ тавон фармуд таҳқираш.
Дарозӣ мекунад аз субҳи маҳшар эътибори ӯ,
Бузургӣ мекунад бар мулки ҷаннат қадри тавқираш.
Диҳад рӯ бехудӣ дар маҷлис аз гардидани соқӣ,
Куҷо дасте, ки гирад навбате дасти қадаҳгираш.
Бувад ҳар лаҳзаи девони Ҳоҷӣ олами ҳайрат,
Ки карда аз баёзи дидаи бедор таҳрираш.