Шафақ бар осмон болад зи акси пайкари теғаш,
Шафақ бар осмон болад зи акси пайкари теғаш,
Магар аз хун ҳино баста кафи равшангари теғаш.
Маро дил метапад дар хун, намедонам шаҳиди кист,
Ба ҷуз ранге, ки дорад изтироб аз ҷавҳари теғаш.
Рақиби рӯсияҳ дорад чунон туғёни кини ман,
Ки нагзорад зи хунам сер гардад аждари теғаш.
Чунон бигдохтам чун шамъ пешаш, об гардидам,
Ки ҷойи хун чакад аъзои ман аз наштари теғаш.
Чи таъсир аст дар аъзои бетоби хароби ман,
Нашуд фарбеҳ зи хунам ҳеч хасми лоғари теғаш.
Зи истиғно нашуд бар торакам як дастандозӣ,
Ниҳодам умрҳо гардан ба ҷойи бистари теғаш.
Ба хунрезӣ чу туркон, дидамаш, бебок меояд,
Бибояд алҳазар, Ҳоҷӣ, зи бими лашкари теғаш.