Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Мабодо баҳри дунё хотире афсурдааҳволаш,

Мабодо баҳри дунё хотире афсурдааҳволаш, Ки рӯзе беш набвад умри Нӯҳу Рустами Золаш, Нахустин хуни дил бошад шароби зинда гардидан, Тавон фаҳмид аз ин ҷо авсати идбори атфолаш. Нагардад нокас аз асбоби мурдан қобили коре, Чӣ ҳосил мӯр агар ёбад зи шоҳин болу чанголаш. Ба афсун золи олам Сомириро зол месозад, Ки ин хирсе зи мардум дорад ӯ аз санг гӯсолаш. Зи ҳасратхонаи имкон ҷуз ин ҳарфам нашуд ҳосил, Ки мушти ноумедӣ медарав аз кишти садсолаш. Чаро гардун пайи ҳам субҳгоҳу шом меорад? Ки ҳар шодӣ заволе дар камин дорад зи дунболаш. Бигӯяд Ҳоҷӣ, ҳар гаҳ бигзарад бар хокам аз ҳасрат, Ба дашти ноумедӣ хок шуд аз наҳси иқболаш.