Он маҳ, ки саҳар ҷилва ба тарфи чаман асташ,
Он маҳ, ки саҳар ҷилва ба тарфи чаман асташ,
Хуршед асири нигаҳи пурфатан асташ.
Кай ман ба ҳамон турраи таррор асирам,
Дар ҳар шиканаш баста диле бе расан асташ.
Дар ҳар қадаме кушта шаҳидест ба хун ғарқ,
Бо ҳар тарафе гашта асири зақан асташ.
Он кокули пурчин, ки расида зи бари чин,
Ҳар уқдаи ӯ нофаи Чину Хутан асташ.
Накшуд ба пурсиш лабаму ҷон ба лаб омад,
Тифлест магар, бӯйи лабан дар даҳан асташ.
Дар ҳасрати ӯ доғаму доман ба таҳи об:
Ҳодисаи ман қиссаи шамъу лаган асташ.
З-анфоси саҳар ғунчалабон карда ба ханда,
Бодест магар, муждадеҳи пираҳан асташ.
Ҳар кас, ки туро диду нашуд мурда, яқин аст,
Рӯ карда мазору лаби гӯру кафан асташ.
Он булбули нолон, ки ҳама шаб ба фиғон аст,
Ҳоҷист, ки ёд аз лаби он гулбадан асташ.