Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Басо умрест, рӯ бар хок мекардам зи дунболаш,

Басо умрест, рӯ бар хок мекардам зи дунболаш, Ки гӯши хешро зевар кунам з-овози халхолаш. Ба чашми нотавони худ чунин ҳар бор мегӯям: Биё бар сози болидан, ки хоҳӣ гашт помолаш. Зи бас давру тасалсул иқдҳо зулфаш ба ҳам баста, Нашуд чун шона ҳал чандон, ки кардам фазли эҳмолаш. Дами умре муяссар гар шавад бо ёди васли ӯ, Баробар кай тавон кардан ба даври олами золаш. Зи акси чеҳрааш ойина кай дорад ғубори ман, Бувад, аз хоки ман созад Ҳалаб миръоти тимсолаш… Фароғат, Ҳоҷӣ, хоҳӣ, аз ҷаҳон фоли тағофул зан, Ки набвад шеваи беҳбуд дар тадқиқи аҳволаш.