Он зуҳраҷабине, ки чу шеъро бадан асташ,
Он зуҳраҷабине, ки чу шеъро бадан асташ,
Печида ҳама сунбулаи ёсуман асташ.
Хуршеднамо ҷабҳаи ӯ шаъшааи нур,
Маҳтобравиш нимшабӣ бар шудан асташ.
Бо теғи ҳамоил ба дами субҳ чу Ҷавзо,
Баҳромсифат ҷомаи хунин ба тан асташ.
Чун зоти Уторид кафи ӯ мояи эҳсон,
Монанди забоно шакар андар сухан асташ.
Дар гармии бозори таманнош чу Бирҷис,
Бедилшудагон муштарии марду зан асташ.
Саҳми мижагон ромеҳу кокул чу танинест,
Қавсайни ду абрӯ хами новакфикан асташ.
Он ақрабаи зулф, ки хам дар хаму печ аст,
Миръоти мусалсал, ки ба ҳар дил расан асташ…
Чун иқди Сурайё дили Ҳоҷист мушаббак,
Зеро чу Зуҳал меҳри баид аз ватан асташ.