Ба ёди як нафасе аз лабам хабар бинвис,
Ба ёди як нафасе аз лабам хабар бинвис,
Зи оҳу нолаи ман андаке асар бинвис.
Зи тарзи машраби ушшоқ агар хабар дорӣ,
Ҳадиси мазҳаби ишон зи чашми тар бинвис.
Яқинам он ки ту машҳури хушнависонӣ,
Вале ба номаи ман ҳарфи хубтар бинвис.
Ҳадиси холи лаби ӯву лаъли ширинаш
Зи мушки сода бар авроқи найшакар бинвис.
Китоби воқиаи умр чун мутаввал нест,
Ту фасли боби амал низ мухтасар бинвис.
Ҳар он чи бар сарат ар бигзарад, нависонанд,
Ҳисоби кардаи худ гиру бештар бинвис.
Гарат умеди халосии он ҷаҳон бошад,
Барои аҳли замон ҳарфи безарар бинвис.
Кунун ки нусхаи айём қобили маҳв аст,
Зи мӯйи мижжа хати насх бар назар бинвис.
Агар ба мағзи сухан хотири расо дорӣ,
Ҳар он чи Ҳоҷӣ бигӯяд, ба оби зар бинвис.