Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ғаматро дили ман макон аст бас,

Ғаматро дили ман макон аст бас, Ба ҷонам мусоҳиб ҳамон аст бас. Туро бо ҳама шӯхиву шахкамонӣ, Ҳадаф синаам бе камон аст бас. Басо умрҳо буд Маҷнун ба хорӣ, Аз ӯ дарду ранҷи гарон аст бас. Зи шӯру фиғонам касе нест воқиф: Ҳамовози ман булбулон аст бас. Зи дарди дилу оҳи пурсӯзи ман, Муталлеъ бар ӯ осмон аст бас. Хурӯши ҳазорони фасли ҳамал, Зи сӯзи дилам як фиғон аст бас. Туро тавсани нози чобуксаворӣ, Дар ин арса дар зери рон аст бас. Туро гар набошад ба ман майли ёрӣ, Хаёлат маро ёри ҷон аст бас. Шабу рӯзи Ҳоҷиву даргоҳи ту, Ба номи ту авродхон аст бас.