Моҳи дуҳафтсолаам, хубӣ ҳама турост бас,
Моҳи дуҳафтсолаам, хубӣ ҳама турост бас,
Дар ҳама ҷамъи хушқадон қадди ту хушнамост бас.
Хоҳиши мост ҳар даме ҷилваи бениқобият,
Майли дили хароб ҳам як назари шумост бас.
Зиннати қадри шаъни ту бахшиши муфлисони ту,
Аз мани нотавони ту робитаи дуост бас…
Муддате шуд чу нақши по бар сари раҳ нишастаам,
Матлаби интизори ман бӯси кафи ду пост бас.
Бар дари ту чи сон равам роҳила неву зод не,
Лахти дилест дар камар, оҳи ҷигар асост бас.
Нисбати ифтихори ту аз ду ҷаҳон фузунтар аст,
Мартабаи ғубори ман зурваи нақши пост бас.
Пояи қадри бандагӣ гар ба уруҷ меравад,
Ҷабҳаи саҷдаофарин ҳамраҳи илтиҷост бас.
Ҳоҷӣ ба саъй кӯҳу дашт бар ҳама баҳру бар гузашт,
Рӯйи туро бидиду гашт, чунки дар ӯ сафост бас.