Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Саҳаргоҳан, ки ба ҳам мерасад навои хурӯс:

Саҳаргоҳан, ки ба ҳам мерасад навои хурӯс: Барои ғафлатиён мезанад кафи афсӯс. Ҳанӯз мартабаат, эй ҳумои улвӣ, ҳаст, Чу чуғд бар сари ин бум гаштаӣ маҳбус. Мадори умргузорӣ қариби маргам бурд, Бисоти умр навардидам аз шумори нуфус. Зи вазъи пайкари наргис тааммуле дорам, Нишаста бо кафи пурсиму зар чаро маъюс? Ба пойи меҳтари худ ҳар кӣ подарозӣ кард, Ба хоки роҳи мазаллат чу соя мешавад манкус. Рамузфаҳмии дил кори тарҷумонӣ нест, Махоҳ маънии ишқ аз иборати қомус. Агар ки оташи кин дар димоғ афсурдӣ, Ба ғайри Каъба дигар нест қиблагоҳи маҷус. Саводи дафтари айём бар фасона бувад, Кӣ дод ёди Таҳамтан, кӣ дида шавкати Тус. Зи саҳлгирии айём ғам махур, Ҳоҷӣ, Мабод аз дами сарде ҷаҳон кунӣ маъюс.